LIVE

Қаҳрамони феълии Осиё ба Душанбе меояд


Қаҳрамони феълии Осиё, тими мунтахаби Қатар барои баргузор кардани дидори даври шашуми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 ба Душанбе меояд. Дастаи яккачини футболи Афғонистон акнун боз ду вохӯрии хонагиашро дар доираи ин мусобиқа дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мекунад. Дар ин варзишгоҳ, ки қариб 22 000 ҷойи нишаст дорад, Афғонистон 14-уми ноябр бо Ҳиндустон ва 19-уми ноябр бо Қатар бозӣ мекунад. Қаблан футболбозони Афғонистон 10-уми сентябр бозии аввали хонагиашро бо Бангладеш (1:0) дар Душанбе баргузор карда буд. Ҳоло мунтахаби Афғонистон дар гуруҳи "Е" бо 3 хол баъд аз Қатар ва Уммон зинаи сеюмро касб мекунад. 

ҶҶ-2022. Бозиҳои интихобӣ 
Марҳилаи дуюм. Гуруҳи «Е»


Даври 5-ум 
14 ноябр
Афғонистон– Ҳиндустон 
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳурявӣ 

Даври 6-ум 
19 ноября
Афғонистон - Қатар 
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳурявӣ 

Ҳарду бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив