LIVE

Тоттенхэм - Ливерпул. Пешгӯиҳои коршиносон

Он рӯз ҳам фаро расид он рӯзе, ки мо тӯли як мавсим интизораш будем! Ин мавсим Лигаи Чемпионҳо ба роғибонаш рақобатҳои фаромӯшнашаванда тақдим намуд. Дар ҳақиқат ҳам мавсими ҷорӣ дар Лигаи Чемпионҳо камбэкҳо ва муъҷизаҳои бисёре рӯй дод. Хулоса ҳамаи ин муъҷизаҳо пушти сар шуданду танҳо ду бошгоҳи англисӣ - “Тоттенхэм” ва “Ливерпул” ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, футболбозон, мураббиҳо ва нобиғаҳои варзиши рақами якуми ҷаҳон пешгӯии худро дар бозии мазкур чунин байён намуданд:

Ҷоизаи шашум барои “Ливерпул” ё якум барои “Тоттенхэм”? UEFA.com дар сомонааш пешгӯии сармураббиҳо, футболбозон ва кулли ситораҳои футболро пеш аз финали Лигаи Чемпионҳо байни бошгоҳҳои “Тоттенхэм” ва “Ливерпул” дарҷ намудааст.

Ҳисоб то оғози бозии финалӣ:
Тоттенхэм vs Ливерпул





Алессандро Дел Пйероғолиби ЛЧ-1996 дар ҳайати "Ювентус"
4:4



Кафусобиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби Бразилия
2:3

Фернандо Морйентессобиқ ҳамлагари "Ливерпул" ва "Реал Мадрид"
0:2



Давор Шукер, ғолиби ЛЧ-1998 дар ҳайати "Реал Мадрид"
1:2


Джо Харрис, бозингари дастаи NBA "Бруклин Нетс"

2:3


Роберто Карлос ва Кафу, собиқ бозингарони тими мунтахаби Бразилия

2:3

Д'Анджело Расселлбозингари дастаи NBA "Бруклин Нетс"

2:3


Пернилла Хардерҳамлагари дастаи "Волфсбург"

1:3

Майкл Оуэн, собиқ ҳамлагари "Ливерпул"

1:2


Ежи Дудекғолиби ЛЧ-2005 дар ҳайати "Ливерпул"

1:3
Жозе Моуриню, сармураббие, ки ду бор Лигаи Чемпионҳоро соҳиб гардидааст:
Ман ҳамеша мегуфтам ва боз мегуям, ки дастаҳои сусту заиф тасодуфан ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ намеёбанд. Ба андешаи ман ҳарду даста имкони сад дар сади пирӯз шуданро доранд. Ин ду дастае, ки то финал роҳ ёфтанд, ҳар яке фикр мекунад, ки аллакай ҷоиза аз онҳост.

Гурӯҳи “Imagine Dragons”, ки дар маросими ифтитоҳи финал баромад мекунанд:
2:2, ва пирӯзии "Тоттенхэм" аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти!

Стивен Ҷеррард, ғолиби ЛЧ-2005 дар ҳайати"Ливерпул":
Пешгӯи кардани чунин бозӣ хеле душвор аст. Аммо агар ҳарду даста максималӣ бозӣ кунанд, фикр мекунам, ки “Ливепул” пирӯз мешавад.

Гарри Реднапп, собиқ сармураббии "Тоттенхэм":
 Ҳарду даста дар хатти ҳуҷум хеле зебо бозӣ мекунанд, фикр мекунам, ки бозӣ мусовӣ 0:0 мешавад. Ғолибро пешгӯӣ кардан осон нест. Аз эҳтимол дур нест, ки вохӯрӣ ба вақти иловагӣ равад.

Хуанфран, дифоъгари "Атлетико":
“Ливерпул”-ро дар ин бозӣ мағлуб кардан хеле мушкил аст, чаро ки онҳо дар финали мавсими гузашта ба бохт дучор шуда буданд. Ду маротиба пайи ҳам дар финал мағлуб шудан ин як рӯафтодагии бузург аст. Ман медонам, баро он ки мо низ ду бор дар финали ЛЧ дучори бохт шуда будем. Аз нигоҳи ман дар ин бозӣ муддаӣ нест, аммо ман ба Лйоренте ва Маурисио мухлисӣ мекунам.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив