Мавзӯи асосии рузномаи машҳури испании Marca дар аввали ҳафта финали ҷоми Испания ва бохти "Барселона" буд, аммо дар миёнаи ҳафта мавзӯъи марказии рӯзномаи машҳури испанӣ наздик шудани бозии финалии Лигаи Қаҳрамонҳо байни дастаҳои "Тоттенхэм" ва "Ливерпул" ба ҳисоб мерафт. Мақола бештар ба мавзуи мухлисон бахшида шудааст. Гуфта мешавад, ки Мадрид омода аст, то артиши сершумори мухлисони "Ливерпул" ва "Тоттенхэм" - ро қабул намояд. Мавзӯи дигари марказии Marca наздик шудани бозиҳои финалии мусобиқоти НБА маҳсуб мешавад. Бар замми ин дар саҳифаҳои рӯзнома метавон мусоҳибаҳоро бо Алваро Мората ва Хесус Валйехо пайдо намуд.

Мавзӯи марказии маҷаллаи Mirror Sport бошад баромадани дастаи “Чарлтон” ба Чемпионшип маҳсуб мешавад. Ин тим дар финали плейоффи лигаи аввали Англия бар “Сандерлэнд” бо ҳисоби 2-1 ғолиб омада роҳи худро ба мартабаи дуюми футболи Англия рушан намуд. Ҳамчунин маҷаллаи англисӣ дар саҳифаҳояш бо сабаби осеб иштирок накардани нимҳимоягари “Челси”, Нголо Канте дар финали Лигаи Аврупо муқобили "Арсенал", хабар медиҳад.

Рӯзномаи итолиёвии La Gazzetta dello Sport диққати хонандагонро бештар ба даври охирини Серия А ва натиҷагирии чемпионати Италия ҷалб сохтааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳ ёфтани “Аталанта” ва “Интер” ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дода шудааст. То даври 38-уми рақобатҳои чемпионати Италия мубориза баҳри роҳхати лигаи чемпионҳо ва мавқеи чаҳорум ҷараёни шадид дошт вале билохир “Аталанта” бар “ Сассуоло” ва “Интер” бар “Эмполи” ғолиб гашта роҳхати лигаи Чемпионҳоро расман аз худ намуданд.
Рӯзномаи Express Sport бошад, мусоҳиба бо сарвони тими «Ливерпул” Ҷордан Хендерсонро дар саҳифаи аввали мусоҳиба бо сарвони тими "Ливерпул" Ҷордан Хендерсон ҷо додааст . Нашрия сарлавҳаро аз суханони Хендо иқтибос овард, ки гуфтааст" Финали лигаи қаҳрамонҳо сарнавишти моро ҳаллу фасл хоҳад кард".
Маҷаллаи Romanista бошад пурра ба Даниэле де Росси бахшида шудааст. Сарлавҳаи асосии нашрия, Абадан ва то абад, унвон гирфта аз содиқ будани Де Росси ба дастаи “Рома” гувоҳӣ медиҳад. Ёдовар мешаваем, ки Де Росси ба фаъолияти футболозии худ дар “Рома” нуқта гузошт.