LIVE

Футболбозони тоҷик омодагиҳои худро барои бозӣ бар зидди Аргентина шуруъ карданд

Футболбозони мунтахаби наврасони кишвар омодагиҳои худро барои бозӣ бо Аргентина дар даври сеюми гурӯҳи “Е”-и қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони то 17 сола шуруъ карданд. 
Субҳи якуми ноябр футболбозони мо барои барпо кардани тамрини навбатӣ ба майдони “Кампо да Эстива”-и Витория ҷамъ шуданд. Пас аз ҳар як бозӣ машқи баъдии барпомешуда тақрибан як соатро дар бар мегирад ва дар ҷараёни он футболбозон бештаран ба иҷроиши машқу тамринҳои муайяни барқарорсозии бадан фаро гирифта мешаванд. Ба фарқ аз се машқи қаблии барқароршавӣ футболбозони умуман дар ҷараёни тамрини имрӯза бо тӯб кор накарданд.
Қатъи назар аз натиҷаи бозӣ бо Испания ҳоло барои наврасони футболи кишвар имкони баромадан аз гурӯҳ ба даври ҳазфӣ ҳаст. Бо дарки ин ҳолат аз ҳоло ҳайати кишвар дастаҷамъона омодагии худро ба бозӣ зидди Аргентина идома дода истодаанд. Пас аз ҷамъбасти бозиҳои даври сеюми гурӯҳӣ номи ҳамаи 16 тими ба марҳилаи ҳазфӣ мебаромада муайян мешавад. Умед мебандем, ки дар қатори ин тимҳо мо номи Тоҷикистонро низ пайдо мекунем. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив