LIVE

Австралия бо зинаи сеюм ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт

Дар гуруҳи "B" рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳон-2019 миёни футболбозони 17 сола хотима ёфт. Се даста-Нигерия, Эквадор ва Австралия ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дастаи наврасони 17-солаи Австралия баъди пирӯзӣ бар Нигерия (2:1) бо ишғоли зинаи сеюм дар гуруҳи "В" ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2019 роҳ ёфт. Дар ин гуруҳ ҳамчунин Нигерия ва Эквадор ҳам баъди бозиҳои даври сеюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд. Австралия яке аз роҳхатҳои дастаҳои ҷойи сеюмро аввалиншуда ба даст овард. Ҳоло барои се роҳхати дигар дастаҳои наврасони Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Мексика, ИМА ва Канада имконият доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив