LIVE

“КӮШОН” ҒОЛИБИ ҶОМИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

31-уми октябри соли 2019 дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон - 2019 миёни дастаҳои “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон ва “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Сарфи назар аз талошҳо ва имкониятҳои чандинкаратаи бозигарони дастаи “Моҳир”, ба онҳо муяссар нашуд, ки дар давоми 90 дақиқаи дидор тӯби худро вориди дарвозаи ҳариф гардонанд. Аммо як ҳамлаи футболбозони дастаи “Кӯшон” дар дақиқаи 41-уми қисми якуми дидор бобарор анҷом ёфт. Голи ягонаи вохӯриро Иброҳимов Бахтиёр ба ҳадаф расонид ва ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Бо ҳамин, дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён барандаи Ҷоми вилояти Хатлон дар соли 2019 шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив