LIVE

ИШТИРОКЧИЁНИ ФИНАЛИИ ҶОМИ ВИЛОЯТ МУАЙЯН ШУДАНД

21 сентябр дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми вилояти Хатлон-2019 дар майдони худ тими «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён бо ҳисоби калони 5:1 шикаст дод.
Вохӯрии дастаҳо дар ноҳияи Ёвон барпо гардид, ки соҳибони майдон баъди ғалаба ба даври ниҳоии (финалии) Ҷоми вилояти Хатлон-2019 роҳхат гирифт. Голҳоро аз дастаи пирӯз Дилшод Гадоев (2, 21, 43), А. Зулпалиев (12), Бахтовар Ҳалимов (50) ба дарвозаи ҳариф ворид намуданд. Муаллифи голи меҳмонон Ёқуб Шомурзоев шуд.
Ҳамчунин, дар ин давр дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дар сафар бо тими “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён дидор анҷом дод, ки бозӣ бо ҳисоби 2:0 бар нафъи соҳибони майдон ҷамъбаст шуд. Тӯбҳои ғолибонро Азамат Ҳамроқулов дар дақиқаи 45-ум ва Эмомалӣ Собиров дар дақиқаи 90-ум ба самар расониданд. Бо ҳамин тартиб, дастаҳои “Моҳир” ва “Кӯшон” ба даври ниҳоии (финалии) Ҷоми вилояти Хатлон-2019 роҳи худро ҳамвор намуданд.

“Моҳир” - “Пахтакор” 5:1
“Кӯшон” - “Ҳосилот” 2:0
Финал
"Моҳир" - "Кушон"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив