LIVE

Хайрухуш бо де Росси: таъзими ӯ дар назди мухлисон ва ашкони шашқатори онҳо

Сарвон ва ниммуҳофизатгари “Рома” Даниэле де Росси шаби гузашта охирин бозии худро дар ҳайати дастаи римӣ доир кард.

Де Росси дар бозии даври 38-уми чемпионат бар муқобили “Парма” аз дақиқаи аввал ба майдон омада, то дақиқаи 82-юм майдондорӣ кард. Ҳангоми баромадан аз майдон дастбанди капитаниро ба Алессандро Флоренси дод.

Де России 35 сола дастпарвари “Рома” буда, дар ҳайати тими худ 616 бозӣ анҷом дода, муаллифи 63 гол ва 54 партофти голбахшо шудааст. Ӯ тӯли солҳои фаъолияти хеш ду дафъа ҷоми Италия ва як бор Суперҷоми кишварашро соҳиб шудааст.
Ҳоло таваҷҷуҳ кунед ба суратгузориши мо аз ҷараёни охирин лаҳзаҳои фаъолияти де Росси дар ҳайати “Рома”.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив