LIVE

Усмонов, Абрамович, Лавров аз харидорони эҳтимолӣ.... аммо Федун Спартакро намефурушад. Чаро?

Ҳануз як рӯз пеш аз дерби бо ССКА аъзои иттифоқи директорони “Спартак” Андрей Федун бори нахуст ҳаҷми маблағи фурӯши бошгоҳи футболи “Спартак”-и Москваро эълон кард. Маълум шуд, ки “бошгоҳи мардумӣ” бо дарназардошти варзишгоҳи навсохт қариб як миллиард евро арзиш доштааст. Аммо пеш аз оне, ки пулҳои соҳибони нави эҳтимолиро ҳисоб намуд, муҳим аст, ки мантиқи бародари Леонид Федун, ки дар бораи баромади ӯ дар “Лукойл” надонистан амри маҳол аст, бояд ки фаҳмид.

Хастагии Федун аз чӣ аст?
Машваратҳо оиди бунёд намудани иншооти нав аз ҷониби яке аз роҳбарони “Спартак” яку якбора ду сенарияро дар назар намудор кардааст.

Якум: Алекперов ва Федун ҳақиқатан ҳам аз роҳандозии мушкил, пешгӯинашаванда ва ғайриманфиатовар даст мекашанд. Аммо дар ҳамин лаҳзаҳо вақте, ки мухлисони ин тим дар минбарҳо изҳори норозигӣ баён мекунанду бо ҳамдигар ҷанҷолҳо мекунанд -ин ҳама варианти саривақтӣ ва қарори инсонпарваронаро дар мавриди ҷудошавӣ бо бошгоҳ пеш меорад.
Новобаста аз мавҷудияти мушкилот бо ҷоизаҳо дар масири 15 соли ахир роҳбарони “Лукойл” ҳамоно дар таърихи бошгоҳи мазкур аз одамоне мемонанд, ки “Спартак”-ро ҳифз менамоянд. Онҳо дастаро дар вақти парокандагияш-замоне ки ба бозиҳояш танҳо 5-6 ҳазор нафар мерафт гирифтанду, тими мазкурро аз роҳе, ки сӯи дузах мебарад боздоштанд. Роҳе, ки замоне “Торпедо” сӯи он раҳсипор шуда буд. Онҳо барои “Спартак” варзишгоҳи нав сохтанд, академия бунёд намуданд, тамрингоҳ созмон доданду чанде пеш бо “Спартак” унвони қаҳрамонӣ ба даст оварданд ва ҳозир бошад ба назар чунин аст, ки маводи тайёрро ба дасти бегонагон месупоранд.

Дуюм: Моликони “бошгоҳи мардумӣ” аз хабарҳои пайваста дар мавриди фуруши тимашон хаста шудаанду бо ифшои арзиши ғайрибоварибахш ба тарсонидани харидори эҳтимолӣ пардохтаанд ё ки ба таври пурра Федуни шартӣ-нафаре, ки “Спартак”-ро соли 1993 бар ивази 70 миллион евро харидорӣ намуда буд, қонеъ намоянд.
Барои дарки арзиши воқеӣ қайд кардан басанда аст, ки тирамоҳ шайхони арабӣ пешниҳоди расмиеро ҷониби роҳбарони “Ливерпул” дар ҳаҷми 2 миллиард баҳри харидорияш намуда буданд. Бо кулли эҳтиром ҷониби “Спартак”-ҳатто бо Педро Рошаи аз иҷора баргашта ва кулли косаҳои пур аз “борш”-ҳои маъруфи тарасовӣ гуфтан ниҳоят душвор аст,ки саҳмияҳои русӣ дар қиёс ба яке аз маъмултарин брендҳои ҷаҳонӣ ду маротиб арзиши камтар дорад.

“Спартак”-ро кӣ мехарад?
Бо вуҷуди ин шумораи миллиардерҳои дорои масрафиётҳои ҷайбӣ дар Россия зиёданд. Дар пешоруи сарусадоҳо атрофи харидориҳои эҳтимолии “Спартак” пеш аз ҳама исми се шахсиятро ба забон меоранд. Нахуст ин Раиси иттифоқи директорони “Алфа Банк” Пётр Авен-мухлиси ашаддии “сурхусафедҳо” аст. Ӯ чанд сол боз ин тимро хариданӣ буд, вале ахиран за харидорияш даст кашид. Номзади дуввум-молики “Челси” Роман Абрамович-нафаре, ки дар системаи бошгоҳи лондонӣ беш аз 1 миллиард масраф намудаасту ба қавле   бо сард гаштани муносибатҳо миёни Британияи Кабир ва Россия аз саҳмияҳон “Челси” халос шуданист. Номзади саввумин ва аз ҳама боварибахш-Алишер Усмонов-нафаре ки якуним сол пеш 30 фоизи саҳмияҳои “Арсенал”-и лондониро бар ивази 550 миллион фунт фурӯхта буд.
Илова бар ин аҷиб аст, ки дар руйхати саҳмиядорони эҳтимолӣ то ҳол номи яке аз сармоядорони пешқадами Россия, президенти ширкати сармоядории “Марафон Групп” Александр Винокуров вуҷуд дорад. Моҳи майи соли 2018 ширкати тобеъи ӯ аз ВТБ 11,8 фоизи саҳмиҳоеро,ки пештар ба риелт -компанияи “Магнит”-и Сергей Галитский таалуқ доштанд ба даст овард. Сармояи ин соҳибкори муваффақи 36 соларо ҳисоб кардан душвор аст,вале ӯ ба якборагӣ яке аз бозингарони асосӣ дар бозори дорусозӣ мебошад. Ин соҳибкор ҳамчунин молики лоҳиаҳои варзишие ҳаст ба монанди тими велосипедронии «Marathon-Tula». Аммо далели аслие,ки Винокуровро дар системаи координатии “Спартак” ворид мекунад, он аст ки хусури ин сармоядор ташрифорандаи нишастгоҳи президентии “Откритие Арена “ ва мухлиси асосии сурху сафедҳо аз миёни элитаи роҳбарикунанда, вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров аст.
Аммо нақшаҳои Винокуровро инҷо ҳамчун харидори аслии қисме аз саҳмияҳои бошгоҳ дар қиёс ба Алишер Усмонов ва Роман Абрамович метавон кам андар кам қобили боварӣ ном бурд. Агар ба ҳолатҳои чанд моҳ пештар назар андозем ва аз сару садоҳо дар мавриди фурӯши эҳтимолии “Спартак” сухан кунем, маҳз чунин сару садоҳҳо дар мавриди фурӯхтани бошгоҳи танҳо пас аз интиқоли январии 70 фоизи саҳмияҳо аз оффшорҳо ба Россия ба миён омаданд. Он саҳмияҳоро “Спорт Холдинг” ва “Капиталные активы” байни ҳамдигар тақсим намуданд-ширкатҳое,ки ба роҳбарияти ҳозираи бошгоҳ таалуқ доранд. 30 фоизи саҳмияҳои боқимондаи “Спартак” бошад ба чеҳраӣ инфиродие расиданд,ки дар бораи номаш сухан намеравад.

“Спартак”-ро дигар ширкати оффшорӣ соҳибӣ намекунад. Ин бошгоҳ саҳмиядори пинҳонӣ дорад.
Андрей Федун дар мусоҳибаи барномавияш қайд кард,ки молики саҳмия нафаре аст,ки мо ӯро метавонем дар нишастгоҳи президентӣ бубинем. Ҷомеа гумон бурдааст,ки ин нафар ба куллӣ Леонид Федун мебошад ва на каси дигаре аз ташрифоварандагони нишастгоҳи (ложаи) президентӣ. Мантиқан дуруст аст, аммо маънии сирру асрор дар чӣ бошад?

Чаро “Спартак” ба Алекперов ва Федунҳо лозим аст?
Ба назар мерасад,ки фарзияҳо дар мавриди фурӯши “Спартак” аҷибан ба ростӣ наздиканд. Нуқтаи асосии ин хабарҳои афсонавӣ аз он иборат аст,ки дар як ҳолат моликони тим иштиёқ ва мароми соҳибият ба бошгоҳро аз даст дода,ба бетартибиҳои идоранашаванда дар миёни мухлисон иҷоза додаанд.
Федун дар ҳақиқат ҳам унвони қаҳрамонӣ ба даст овард,дар варзишгоҳаш мусобиқоти ҷаҳониро гузаронд ва бояд бифаҳмад,ки барояш ба таври эҳсосӣ ва маъруфият ҳамчун молики аслӣ ин руйдодҳоро паси сар кардани душвор аст. “Спартак” ва дилхоҳ дастаи дигари Россия дар муддатҳои наздик дар Лигаи Қаҳрамонҳо ғолиб намеоянд. Ин маънои онро дорад,ки роҳбарият бояд,ки ба фаъолиятҳои ҳамешагияш диққати худро мутаммарказ намояд: бо коррупсия мубориза барад, бо фанатҳои даста ҳам мулоқотҳо анҷом диҳад, аз кори мураббиён, бозингарон ва намояндагони онҳо назорат барад, ҳолатҳои гепатитро дар академия пешгирӣ намояд,бо “Спартак-2” ранҷ барад, дар мушкилот ғутавар шавад ва бе таннафус дар ҳамаи ин корҳо маблағи шахсияшро масраф намояд.
Шумораи ҳамаи мушкилотҳо метавонанд,ки дилгиркунандаву бенатиҷа бошанд,агар ту инсоне набошӣ,ки савдои худро партоиву футболро кори зиндагии худ интихоб намоӣ. Ба варианти суруде аз гуруҳи “Кино” “Дарахтро шинонда ҳамаи вақти худро дар бари он гузаронӣ” магар, ки Федун тайёр аст? Инсоне ба монанди Сергей Галитский,ки то ҳол одатан дар боғи назди варзишгоҳи Краснодар қадам мезанад. Аниқ аст,ки шахсиятҳои машғули савдои маҳсулотҳои нафтӣ ба монанди Федунҳо ва Алекперов ба синфи чунин инсонҳо дохил намешаванд.
Танҳо кулли ин мушкилотҳое,ки мо дар мавридашон ҳарф задем,бо се ҷанбаҳои аслӣ маънидод карда мешаванд. Аз барои онҳое,ки инсонҳои муваффақ чунин саҳмиҳои бедаромад,мушкил ва аз ҷиҳати рамзӣ муҳимро барои Россия дороянд. Дар сомонаҳои варзишӣ инро бо калимаҳои аз ҳама дастрас метавон ҳуруфчинӣ намуд.
Нуқтаи якум: Шуҳрат
Федун на аз сармоядори ягонаи Россия ва на асоситарин роҳбар дар “Лукойл” аст,балки ба хотири “Спартак” номи ӯ   вирди забонҳост. Пеш аз ҳама бояд ёдовар шуд,ки собиқ роҳбари ҳарбӣ ҳеҷ вақт ҳам пинҳон намекард,ки на танҳо тими футболӣ ба даст овардааст,балки бренде гирифтааст,ки баробар ба тухми сиёҳи моҳӣ (чёрная икра), арақ ва автомати Калашников аст.

Нуқтаи дуввум: Ҷамъият
Молики шахсии машҳуртарин бошгоҳи Россия будан имкон медиҳад,ки дар нишастгоҳи президентии варзишгоҳ на танҳо бо Сергей Лавров қарор бигирӣ, балки бо Владимир Путин ҳам ҳамсуҳбат шавӣ. Пеш аз ҳама барои шиносоӣ бо президент агар тариқи хоккейбозӣ шиносоӣ осонтар аст, дар ҳолати роҳхати дастаат ба Лигаи Қаҳрамонҳо метавонӣ бо ягон шайхӣ арабӣ ё ки ягон шарики тиҷоратияш баҳри ҳамкорӣ наздик шавӣ.
Футбол имрузҳо-умуман аз ҳама роҳи осонтарин,оддитарин ва бидуни иҷозатнома аст баҳри наздик шудан бо   инсони дилхоҳ дар сайёра. Хоҳ бо инсонҳое ба монанди Месси ё Роналду ё бо роҳбарони кишварҳои ғарбӣ. Аз чунин ҷамъият албатта худсарона даст намекашанд.

Нуқтаи саввум: Ҳимоя
“Спартак”-ин ҳамоҳангии рӯирост бо оммаи бузург аст. Ду миллион нафар дар Россия худро ҳамчун мухлисони сурху сафедҳо ном мебаранд. Бештари ин нафарон худро пеш аз ҳама мухлисони ашаддӣ меҳисобанд.ва баъдан-онҳо ронандагон,нонпазон ё ки менеҷерони дараҷаи миёна ҳастанд. Ва ҳатто мақомотҳои “Лукойл” ҳеҷ вақт ниятҳои сиёсӣ пеш намегузоранд,дар ҳоле бо саҳмияҳое,ки дар дилҳоҳ амалу ҳаракат ҳимоятгари глобали барояшон ҳастанд. Эҳтимолан ин зиёдаравӣ аст,аммо “Спартак” чун пештара Федун ва Алекперовро аз инсонҳои пурқудраттарини мамлакат кардааст.
Ва ахиран агар дар мавриди миллиардҳо,харидорон ва тазоҳуроткунандагон ҳарф занем,асрори ин муаммо чунин тавр кушода мешавад: Бошгоҳ аз худи Федунҳо мемонад. Дар мавриди қаҳрамониҳои Каррера ва ҷанҷолҳои даврони Кононов ба наздикӣ ҳама фаромуш мекунанд. Глушаков ҳам ба полези Милерово раҳсипор мешавад,дар ҳоле ки баъзан чеҳрааш дар студияи ягон шабакаи варзишӣ намудор мешавад. Мухлисони мушкилфаҳм ҳам таҳти назорати бошгоҳ ва пулис мемонанд. Ба варзишгоҳи “Открытие” танҳо сокинони Тушино хоҳанд рафт. Кишвар бошад,аниқтараш кулли ин ду миллион нафар мухилисони сурху сафедҳо ҳамоно ба “Спартак” мухлисӣ мекунанду худро пеш аз ҳама мухлисони ашаддӣ меҳисобад,на ронандаву нонпаз ё ки менеҷери сатҳи миёна. Онҳо мехоҳанд,ки ба ҳар як голи дастаи маҳбубашон шодиву нишот намоянд. Мушкилоти ҳаётӣ бошад барояшон бидуни футбол ҳам басанда аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив