LIVE

Дар футболи Амрикои Ҷануб ҳама чиз бар муқобили Месси аст

Ба гуфти ҳазорон мухлиси мунтахаби футболи Аргентина рафти баргузории Ҷоми Амрикои Ҷанубӣ-2019 ё худ Копа Америка   ҳама ба манфиати Бразилия ба тартиб дароварда шуда, худи Лионел Месси бо изҳори норозигии хоса  пас аз пирузӣ бар муқобили Чили барои ишғоли мақоми сеюми мусобиқот баҳри гирифтани нишони биринҷӣ ҳозир нашуд.
Бозӣ бар муқобили Чили бо ҳисоби 2:1 ба суди аргентиниҳо хотима ёфта, Мессии 32-сола дар нимаи аввали дидор баҳри муноқиша бо Медели чилиягӣ аз майдон ронда шуд. Худи Медел низ дар доираи ин муноқиша корти сурх гирифт.
“Ман барои гирифтани нишони биринҷӣ набаромадам, чаро ки мо набояд узви фасод ва ноҳурматиҳо бошем. Мо ба чизҳое бештаре арзанда будем,аммо бароямон фасод ва доварон имкон надоданд то ба финал бароем. Футбол ба ҳоли нобудӣ рафт. Фасод ва доварон ба мо иҷоза надоданд,ки мо ба финал бароем. Бояд,ки ҳақиқатро гуфт.
Ягон шубҳае вуҷуд надорад,ки Бразилия дар Копа Америка  пируз мешавад. Фикр мекунам ҳама чиз ба манфиати онҳо ҳаллу фасл шудааст, аммо итминон дорам,ки доварон ва VAR ин навбат ба ягон чиз таъсир нахоҳанд расонд ва Перу рақобати созгор нишон медиҳад, чаро ки ин тим баҳри рақобат қодир аст. Аммо барои ман маълум аст,ки ин чиз мушкил хоҳад буд”, -изҳор намудааст Месси.
Лозим ба ёдоварист,ки мунтахаби Аргентина маҳз дар марҳилаи ниманиҳоии Копа Америка аз мунтахаби Бразилия бо ҳисоби 2:0 шикаст хурда, аз имконияти  ғолибшавӣ дар ин мусобиқот маҳрум шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив