LIVE

Гармтарин суханҳои ахири трансферӣ аз ватани футбол

Daily Mail ва чанде аз расонаҳои испанӣ навиштаанд,ки  «Арсенал» ва «Эвертон» ба  Хамес Родригес ниёз доранд, нафаре,ки дар мавсими ҷорӣ қариб дар  «Реал» бозӣ намекунад. Хабар дода мешавад,ки  ин колумбиявӣ баҳри гузариш ба Лондон наздик буд. Ҳаҷми эҳтимолии гузариш  бошад 35 млн евро мебошад. 
Дани Себалйос аз вақти бозикунияш дар «Арсенал» норозӣ буда, аз«Реал» хостор шудааст,ки муҳлати иҷораашро қатъ намояд. Нимҳимоятгар мехоҳад баЕвро-2020 роҳхат бигирад,аммо аз курсиҳои эҳтиётии«Эмирейтс» ин чиз номумкин аст, – бо боварӣ мерасонад  Cadena Ser.

Marca илова мекунад, ки дар баробари«бланкос» аз вазъиятҳо дархусуси Себалйос ҳамчунин«Валенсия» низ бодиққат назорат мебарад.
Бошгоҳи лондонии “Тоттенхэм Хотспур” бошад дар мавриди харидории трансфери ҳамлавари 
28-солаи бразилии тими “Реал Сосйедад” Виллиан Жозе гуфтушунид дошт-хабар дод The Guardian.
Маҳз дар Виллиан Жозе “Тоттенхэм” ивазкунандаи Ҳарри Кейни ҷароҳатбардоштаро дида буд. Соли 2018 ин бразилӣ шартномаи нав бо тими испанӣ имзо намуд,ки дар он нуқтаи харидорӣ дар ивази 70 миллион евро гуфта шудааст.  Айнан ҳамин маблағ бошгоҳи ҳозираи ӯро қаноат кардааст,ки ин нуқта метавонадсадди роҳи трансфери Виллиан Жозе ба Англия бигардад,чаро ки бошгоҳ аз Албиони буронӣ намехоҳад,ки чунин маблағи зиёд пардохт намояд.  Вапе ахиран қарордод миёни бошгоҳҳо баста нашуд. Дар мавсими ҷорӣ бошад дар сафи “Реал Сосйедад” Виллиан Жозе дар 22 бозиҳо ширкат варзида,ба задани ҳашт гол даст ёфтааст. Сомонаи 
трансфермаркет бошад ин бозингарро 32 миллион евро баҳогузорӣ кардааст.
Ҳамчунин «Манчестер Юнайтед» нисбати ҳамлавари «Бока Хуниорс» Карлос Тевес мароқ зоҳир намуда буд. Чунин хабарҳоро Tuttosport тасдиқ кард.
Аз рӯи маълумоти сарчашма бошгоҳи англисӣ ният дошт,ки дар равзанаи зимистонаи трансферӣ футболбози мазкурро ба иҷора бигирад. Дар ҳайати маникуаниҳо Тевес метавонист,ки Маркус Решфорди ҷароҳатбардоштаро иваз намояд, нафаре,ки тайи чанд ҳафта ба 
майдон баромада наметавонад.
Ёдрас мекунем,ки Карлос Тевес аллакай дар сафи  «Манчестер Юнайтед» аз соли 2007 то соли 2009  ҳунарозмоӣ намуда, бо ин бошгоҳ ду маротиба қаҳрамони Англия шудааст. 
Айни ҳол бошад Тевес дар сафи «Бока Хуниорс» баромад намуда, ба  тими шаҳри Буэнос-Айрес Карлито моҳи январи соли 2018 аз чемпионати Чин гузариш намуд. Дар мавсими ҷорӣ ин ҳамлавари 35-солаи аргентинӣ дар даҳ бозии чемпионати Аргентина (чор бозӣ — дар ҳайати асосӣ) ба майдон баромада,ба задани се гол даст ёфтааст. 
Қарордоди кории Тевес бо “Бока Хуниорс” бошад то тобистони соли ҷорӣ мӯҳлат дорад.
«МЮ» омода аст,ки ба таври ҳамешагӣ аз Крис  Смоллинг халос шавад, агар «Рома» аз барояш 30 млн евро пардохт намояд.
Ҳамлавари «Лейпсиг» Жан-Кевин Огюстен, ки дар нимаи аввали мавсим дар сафи  «Монако» бозӣ менамуд, ба таври иҷора ба «Лидс» гузашт.
Собиқ ҳамлавари «Арсенал» ва мунтахаби Хорватия Эдуардо бозингари бошгоҳи дивизиони нуҳуми Англия ё худ тими «Ҷиллингем»шуд. 
Daily Mirror бошад иттилоъ дод, ки   «Тоттенхэм»  гуфтушунид дар хусуси  Стивен Бергвейнро маҳкам кардааст, аммо расман дар ин маврид чизе тасдиқ нашудааст. 35 млн евро – ҳамин қадар ба андешаи Transfermarkt ин бозингар меарзад.
Аз рӯи маълумотҳои  Sky Sports, «Кристал Пэлас» нисбати нимҳимоятгари мунтахаби Белгия ва  «Далян Яфан»-и чиноӣ Янник Феррейра Карраско чашм дӯхтааст. Англисҳо ният доштанд,ки дар мавриди иҷораи ин бозингар ба мувофиқа биёянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив