LIVE

Расман: Даниел Себалйос футболбози нави "Арсенал"

Бошгоҳи футболи “Арсенал” дар сомонаи расмиаш аз гузариши ниммуҳофизатгари “Реал Мадрид” - Даниел Себалйос хабар дод. Футболбози испанӣ ба таври иҷора то анҷоми мавсим шарафи “тӯфангдорон”-ро ҳимоя мекунад. Дар сарчашма маблағи гузариши ин чеҳраи шинохтаи испанӣ хабар дода нашудааст. Себалйос соли 2017 аз тими “Бетис” ба “Реал” гузариш намуда буд. Дар мавсими гузашта, хавбеки 22 сола дар 23 бозии дастааш иштирок намуда, ба задани се тӯб даст ёфтааст.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив