LIVE

“Бавария” дар меҳмонӣ “Селтик”-ро ноком кард

Бозии аввали даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Селтик”-и Шотландия ва “Бавария”-и Олмон ба анҷом расид. Дастаҳо дар майдони “Селтик Парк”-и Глазго бозӣ карданд. Ин вохӯриро ҳайати доварони испанӣ таҳти роҳбарии Хесус Гил Манзано ҳакамӣ намуданд. “Бавария” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Аллакай дар дақикаи аввали бозӣ Николас-Геррит Кюн тӯбро ба дарвозаи тими Мюнхен равон кард, аммо ин гол бекор карда шуд. Ҳисобро дар ин бозӣ нимҳимоятгари “Бавария” Майкл Олисе дар дақиқаи 45-ум боз кард. Дар дақиқаи 49-ум Ҳарри Кейн ҳисобро дуболо намуд. Дар дақиқаи 79-ум Дайзен Маэда аз ҳайати “Селтик” гол зад.

Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 19-уми феврал дар шаҳри Мюнхен доир мешавад. Ғолиби феълии мусобиқа дастаи “Реал Мадрид” мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив