Дар доираи бозиҳои гузаришии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Фейеноорд” ва “Милан” ба ҳам омаданд. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Фейеноорд” дар Роттердам бозӣ карданд. Ин вохӯриро ҳайати доварон зери роҳбарии Хосе Санчес Мартинес аз Испания ҳакамӣ карданд. " Фейеноорд " бо ҳисоби 1 бар 0 "Милан"-ро мағлуб намуд.
Голи ягонаи бозӣ дар дақиқаи сеюм зада шуд. Голро ҳамлагари бразилии “Фейеноорд” Игор Пайшан ба самар расонид.
Қобили зикр аст, ки дастаи “Фейеноорд” дар ҷадвали умумии мусобиқа бо касби 13 имтиёз аз зинаи 19-ум ба даври плей-офф роҳ ёфт. “Милан” бо 15 имтиёз дар зинаи 13-ум маскан гирифта, роҳашро ба даври ҳазфӣ ҳамвор намуд.
Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 19-уми феврал дар шаҳри Милан доир мешавад. Ғолиби феълии мусобиқа дастаи “Реал Мадрид” мебошад.