Сармураббии «Ливерпул» Арне Слот, ки қаблан тими «Фейеноорд Роттердам»-ро тамрин медод, аз нигоҳи оморӣ як соли барҷаста дошт.
Ҳардӯи ин даста дар соли 2024 таҳти роҳбарии Слот дар тамоми мусобиқаҳо 51 бозӣ гузаронида, 41 ғалаба, 9 мусовӣ ва ҳамагӣ як мағлубият доранд. Соли гузашта «Фейеноорд»-и Слот дар 24 вохурй ҳатто як бор ҳам мағлуб нашуд — 18 ғалаба ва шаш мусовӣ. Дар 27 вохурӣ бо тими «Ливерпул» бошад чунин натиҷаҳо ба даст омадаанд: 23 ғалаба, се мусовӣ, як бохт.
Арне Слоти 46-сола сароғози ин мавсим сарварии тими “Ливерпул”-ро ба ӯҳда гирифта буд. Мутахассиси мазкур сар аз тобистони соли 2021 сармураббии «Фейеноорд» буд. Мавсими имсола «Ливерпул» таҳти роҳбарии Арне Слот барои чаҳор ҷоиза мубориза мебарад ва айни замон дар Премер-Лигаи Англия ва дар марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
