LIVE

"ССКА" Лигаи Аврупоро падруд гуфт

Дар бозии охирини  марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти Лигаи Аврупо  дар гурӯҳи К  дастаи  "Динамо Загреб" дар варзишгоҳи  "Максимир"-и Загреб  бошгоҳи "ССКА"-и Москваро пазируфт. Ҳимоятгари   мизбонон   Йошко Гвардиол   ҳисобро   дар дақиқаи 28-ум   кушод.    4 дақиқа пеш аз батанаффус баромадан ҳамлагар Мислав Оршич  голи дуюмро   вориди дарвозаи  "ССКА"   намуд.  Дар қисмати дуюми  нерусанҷӣ, саҳеҳтараш дар дақиқаи  75-ум Кастрати  бо Акинфеев як ба як баромада,  тӯбро ба самар расонид. Дере нагузашта Кристиян Бистрович   ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт. Ҳамин тавр, дар ин дидор  "Динамо Загреб" бо ҳисоби 3 бар 1  пирӯз гардид. Дар радифи "Динамо З" дастаи "Волфсберг", ки дар даври охирин бошгоҳи  "Фейеноорд"-ро мағлуб намуд,  ба даври навбатӣ роҳи худро ҳамвор сохт.  "Фейеноорд" ва  "ССКА" зинаҳои сеюму чорумро ишғол карданд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив