LIVE

Торумори бошгоҳҳои русӣ дар Лигаи Аврупо

Ду рӯз пеш дар бозиҳои якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои русӣ аз қабили “Зенит” ва “Локомотив” хуб дурахшида, яке пирӯз ва дигаре мусовӣ намуд. Аммо ин натиҷа дар Лигаи Аврупо ба дигар дастаҳои русӣ даст надод. Дар даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо бошгоҳҳои “ССКА” ва “Караснадар” аз рақибонашон бо ҳисоби ҳангуфт дучори шикаст шуданд. Дастаи “ССКА” аз тими “Лудагоретс” бо ҳисоби калони 5:1 дучори бохт шуд. Тими “Караснадар” дар Швейтсария аз “Базел” 5 голи беҷавоб хурд. Ҳамин тавр дастаҳои русӣ Лигаи Аврупоро бо нокомӣ оғоз намуданд.
Лигаи Аврупо
Гурӯҳи H
«Лудогоретс» (Булғористон) — «ССКА» (Россия) — 5:1 (0:1)
Голҳо: Дивеев, 11 (0:1). Вандерсон, 48 (1:1). Лукоки, 50 (2:1). Кешеру, 52 (3:1). Кешеру, 68 (4:1). Кешеру, 73 —пеналти (5:1). 
Гурӯҳи C
«Базел» (Швейтсария) — «Краснодар» (Россия) — 5:0 (2:0)
Голҳо: Буа, 9 (1:0). Буа, 40 (2:0). Дзуффи, 52 (3:0). Вилена, 55 — (худгол) (4:0). Окафор, 79 (5:0).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив