LIVE

«Краснодар» дар даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо

Дар бозии ҷавобии даври сеюми марҳилаи интихобии Лигаи Чемпионҳо бошгоҳҳои «Порту»-и Португалия ва «Краснодар»-и Россия майдондорӣ намуданд. Вохӯрии тимҳо дар майдони «Драгау» баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 ба суди русҳо хотима ёфт. Бозии аввали тимҳо дар Россия бо ҳисоби 1:0 ба суди «Порту» хотима ёфт. Ҳамин тавр аз натиҷаи ду бозӣ (0:1, 2:3) «Краснодар» ба даври плей-офф роҳ ёфт. Акнун «Краснодар» дар даври плей-офф бо тими «Олимпиакос» рақобат мекунад.
Лигаи чемпионҳо. Бозии ҷавобӣ
«Порту» (Португалия) — «Краснодар» (Россия) — 2:3 (0:3)
Голҳо: Вилена, 3 (0:1). Сулейманов, 13 (0:2). Сулейманов, 34 (0:3). Зе Луиш, 57 (1:3). Диас, 76 (2:3).
«Порту»: Марчесин, Саравия (Зе Луиш, 37), Пепе, Маркано, Теллес, Корона (Абубакар, 86), Диас, Данилу Перейра, Сержиу Оливейра (Урибе, 49), Накадзима, Марега.
«Краснодар»: Сафонов, Петров, Мартинович, Спаич, Рамирес, Кабелла (Стотский, 80), Камболов, Вилена, Вандерсон Масиэл, Сулейманов (Фолусон, 65), Берг (Игнатьев, 73).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив