LIVE

Голи Нилссон дар лаҳзаҳои охир ба “Брюгге” ғалаба овард

Дар доираи бозиҳои гузаришии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Брюгге” ва “Аталанта” ба ҳам омаданд. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Ян Брейдел”-и Брюггеи Белгия бозӣ карданд. Ин вохӯриро ҳайати доварон зери роҳнамоии Халил Мелер аз Туркия ҳакамӣ карданд. "Брюгге" бо ҳисоби 2 бар 1 "Аталанта"-ро мағлуб намуд.

Ҳисоб дар дақиқаи 15-уми бозӣ бо голи Ферран Ютгла ба фоидаи “Брюгге” кушода шуд. Дар дақиқаи 41-уми бозӣ ниммуҳофизатгари дастаи “Аталанта” Марио Пашалич ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 90+4-уми бозӣ дар лаҳзаҳои охир аз зарбаи пеналтӣ бо голи Густав Нилссон дастаи “Брюгге” пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳамакнун, бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 19-уми феврал дар шаҳри Бергамои Италия доир мешавад. Ғолиби феълии мусобиқа дастаи “Реал Мадрид” мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив