LIVE

“Ювентус” дар Турин бар ПСВ зафар ёфт

Дар доираи бозиҳои марҳилаи гузаришии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Ювентус” ва ПСВ ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Алянтс”-и шаҳри Турин доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими “Ювентус” анҷом ёфт.

Ҳисобро дар ин бозӣ дар дақиқаи 34-ум нимҳимоятгари “Ювентус” Уэстон Маккенни кушод. Дар дақиқаи 56-ум Иван Перишич ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 82-юм Самуэл Мбангула мизбононро дар ҳисоб ба пеш баровард.

Қобили зикр аст, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 20-уми феврал дар шаҳри Эйндховен баргузор мегардад.

Ғолиби  феълии Лигаи Чемпионҳо “Реал Мадрид” маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив