LIVE

“Интер” бо шикаст додани “Ювентус” барандаи Ҷоми Италия гардид

Финали Ҷоми Италия байни «Ювентус» ва «Интер» баргузор шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи Олимпии Рим доир шуда,  Ҳисоб дар бозӣ аллакай пас аз 7 дақиқа кушода шуд. Николо Барелла «Интер»-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 50-ум Алекс Сандро ҳисобро баробар кард ва пас аз 3 дақиқа Душан Влахович туриниҳоро пеш баровард. 
Пас аз ин миланиҳо ба кӯмаки Ҳокан Чалҳаноғлу ба бозӣ баргаштанд. Ӯ дар дақиқаи 80-ум пеналтиро ба самар расонид. Ба шарофати ин гол бозӣ ба вақти иловагӣ гузашт. Иван Перишич дар вақти аввали изофӣ дастаи Симоне Инзагиро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 102-юм Перишич ҳисоби ниҳоиро дар вохӯрӣ гузошт. "Интер" бори ҳаштум Ҷоми Италияро ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив