LIVE

“Интер” бидуни сармураббии худ ғалаба кард

Дар даври 21-уми Серия А нахустин бозиро дастаҳои “Фиорентина” ва “Интер” байни ҳам доир карданд. Рақобат дар шаҳри Флоренсии Италия баргузор шуд.  Дар ин дидор, ки дастаи “Интер” бидуни сармураббӣ дар майдон буд (Антонио Конте аз  ҳақи иштирок дар бозӣ маҳрум карда шуда буд) , тавонист бо ҳисоби 0-2 мизбонро шикаст диҳад. Голҳоро дар дақиқаи 31-ум Николо Барелла  ва дар дақиқаи 52-юм Иван Перишич заданд. 
Қисмати якуми майдондори наонқадар ҷолибу дидани сурат гирифт. Вале дастаи “Интер” бо яг голи задаи Барелла онро бо бартари ба поён расонид. 
Дар пайти дуюми майдондори дастаи “Фиорентина” боз коре карда натавонист. Ин навбат ҳам дастаи “Интер” бо голи Перишич бартарии худро дучанд карда соҳиби 3 имтиёз гардид.
Пас аз ин дидор дастаи “Интер”  бо касби 47 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали Серия А баромад. Акнун ин даста аз бошгоҳи   “Милан”  бо фарқи як хол пешсаф аст. Аммо ин ҳам дар ҳоле аст, ки тими “Милан” ҳануз бозии даври 21-уми худро доир накардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив