LIVE

Конте муҷозот ва 20 ҳазор евро ҷарима шуд

Сармураббии "Интер" - Антонио Конте дар ду бозии ояндаи чемпионати Италия  бар муқобили “Беневенто” ва “Фиорентина” дастаашро ҳамроҳӣ карда наметавонад. Мутахассис барои муноқиша бо довар Фабио Мареска дар охири бозии даври 19-уми Серия А бар зидди “Удинезе”   (0:0) барои 2 бозӣ маҳрум гардид. Конте ҳамчунин 20 ҳазор евро ҷарима шуд. "Интер" рӯзи 30-уми январ бо "Беневенто" ва 5-уми феврал бо "Фиорентина" бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив