LIVE

Пирӯзии “Боруссия”-и Дортмунд дар Лиссабон бар “Спортинг”

Дар доираи бозиҳои марҳилаи гузаришии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Спортинг” ва “Боруссия”-и Дортмунд ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Жозе Алваладе”-и шаҳри Лиссабон доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 3 ба фоидаи тими шаҳри Дортмунд анҷом ёфт.

Қисми аввали бозӣ бидуни гол фарҷом ёфт. Дар нимаи дуюми дидор ҳамлагари “Боруссия”-и Дортмунд Серу Гирасси ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 68-ум нимҳимоятгар Паскал Грос ҳисобро дуболо намуд. Дар дақиқаи 82-юм вингери тими меҳмон Карим Адейеми нуқтаи ниҳоиро дар ҳисоб гузошт.

Ҳамакнун, бозии ҷавобии плей-офф миёни дастаҳои “Спортинг” ва “Боруссия”-и Дортмунд рӯзи 20-уми феврал дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк” баргузор мешавад.

Ғолиби  феълии Лигаи Чемпионҳо “Реал Мадрид” маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив