LIVE

“Реал Мадрид” боз ҳам "Боруссия"-ро дар Лигаи Чемпионҳо шикаст дод

Бозии даври 3-юми марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки дар он дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Боруссия Дортмунд» вохӯрданд, ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и Мадрид бозӣ намуда, ин вохӯриро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Иштван Ковач (Карей, Руминия) ҳакамӣ карданд. Бозй бошад бо ҳисоби   5:2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 3-юм
23-юми октябри соли 2024, чоршанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
Реал Мадрид (Испания) 5:2 Боруссия Дортмунд (Олмон)
0:1 Мален – 30'     0:2 Байно-Гиттенс – 34’     1:2 Рюдигер – 60’     2:2 Винисиус Юниор – 62’    2: 4:3 Винисиус Ҷуниор – 86’     5:2 Винисиус Ҷуниор – 90+3'
Дар дакикаи 30-юм бозигари «Боруссия»-и Дортмунд Дониэл Мален аз партофти Серу Гирасси ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 34-ум ҳамлагар бошад Ҷейми Байно-Гиттенс аз паси Мален   голи дуюми «Боруссия»-ро ба самар расонид.
Дар дақиқаи 60-ум ҳимоятгари «Реал Мадрид» Антонио Рюдигер аз партофти Килиан Мбаппе гол зад. Дар дақиқаи 64-ум ҳамлагари «Реал Мадрид» Винисиус Жуниор ҳисобро баробар кард. Дар ин дидор ҳамчунин Лукас Васкес ва Винисиус аз тими мадридӣ ба задани се голӣ даст ёфтанд.
Пас аз се бозӣ "Реал" шаш имтиёз ба даст оварда, дар ҷои 9-уми ҷадвал қарор гирифт. «Боруссия Д» низ шаш имтиёз дорад ва дар ҷои панҷум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив