Шаби 8-ум ба 9-уми май дар доираи бозии ҷавобии марҳилаи 1/2 ниҳоии Лигаи чемпионҳо «Реал» ва «Бавария» дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» дар шаҳри Мадрид ба ҳам омаданд. Вохӯриеро, ки аз ҷониби довари полшагӣ Шимон Марчиняк ҳакамӣ мешуд, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Дар бозии аввали ниманиҳоӣ рӯзи 30-юми апрел дар Олмон дастаҳо бо ҳисоби 2:2 аз майдон берун шуда буданд. Ҳамин тариқ, аз рӯи ҳисоби ду бозӣ мадридиҳо зӯртар баромаданд.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
09-уми майи соли 2024, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
Реал (Мадрид, Испания) 2 : 1 Бавария (Мюнхен, Олмон)
0:1 Дэвис – 68' 1:1 Хоселу – 88' 2:1 Хоселу – 90+1'
Пештар ба финали ин мусобиқа дастаи олмонии «Боруссия»-и Дортмунд баромада буд, ки аз рӯи ҳисоби ду бозӣ бар «ПСЖ» пирӯз шуда буд.
Ҳамин тариқ, «Реал» ва «Боруссия» дар бозии финалии имсолаи Лигаи чемпионҳо бозӣ мекунанд. Бозии ҳалкунандаи мусобиқа рӯзи 1-уми июн дар варзишгоҳи «Уэмбли»-и шаҳри Лондон доир мешавад.