LIVE

"Реал"-и Мадрид – ғолиби понздаҳкаратаи Лигаи Чемпионҳои УЕФА

Бошгоҳи испании “Реал” дар бозии финалии Лигаи Чемпионҳои УЕФА бар тими олмонии  “Боруссия Дортмунд” зафар ёфт.
Вохӯрӣ дар Лондон дар варзишгоҳи Уэмбли баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Голҳои пирӯзиовари мадридиёнро Даниэл Карвахал (дақиқаи 74-ум) ва Винисиус Жуниор (дақиқаи 83-ум) ба самар расониданд.
Ба ҳамин тартиб, «Реал Мадрид» 15-умин бор Ҷоми сабқати асосии бошгоҳҳои футболи Аврупоро ба даст овард,   аз рӯи ин нишондод дорои нишондоди рекордӣ мебошад.
Ҳамзамон ин сеюмин финали Лигаи Чемпионҳо дар таърихи «Боруссия» буд. Соли 1997 Дортмунд бар Ювентуси Турин (3:1) пирӯз шуда буд ва соли 2013 бошад аз Бавария (1:2) дар варзишгоҳи Уембли шикаст хӯрд.
Барои нимҳимоятгари 35-солаи "Боруссия" Марко Ройс ва нимҳимоятгари 34-солаи "Реал Мадрид" Тони Кроос бозиҳои охирини хешро анҷом доданд.
Дар бозӣ барои ба даст овардани Суперҷоми УЕФА, ки рӯзи 14 август дар шаҳри Варшава баргузор мешавад, “Реал Мадрид” бо ғолиби Лигаи Аврупо “Аталанта” вомехӯрад.
Лигаи чемпионҳо. Финал
«Боруссия» (Дортмунд) - «Реал Мадрид» (Мадрид) - 0:2 (0:0)
Голҳо: Карвахал 74 . Винисиус, 83. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив