LIVE

Дар бозии «Ман Сити» ва «Реал» 7 гол зада шуд

Дар бозии аввали даври 1/2 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА «Манчестер Сити» дар майдони худ «Реал»-и Мадридро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Иттиҳод баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 2-юми вохӯрӣ нимҳимоятгари «Манчестер Сити» Кевин Де Брюйне ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 11-ум Габриэл Жезус бартарии мизбононро таъмин намуд. Дар дақиқаи 33-юм ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Карим Бензема ҳисоби бозиро таӯйир дод. 
Дар дақиқаи 53-юми бозӣ Фил Фоден шумораи голҳои  «Манчестер Сити»-ро ба се расонид. Пас аз ду дакика, хучумкунандаи клуби шаҳри Мадрид Винисиус бо суръат ба назди дарвозаи соҳибони майдон омад ва тӯбро ба кунҷи дарвоза ирсол намуд. Дар дақиқаи 74-ум нимҳимоятгари “шаҳриҳо” Бернарду Силва тӯби чаҳорумро ба дарвозаи “Реал” ворид кард. Дар дақиқаи 82-юм Бензема пеналтиро бомуваффақият анҷом дода, дублро ба самар расонд.
Бозии ҷавобии 1/2 ниҳоии мавсими Лигаи Чемпионҳои УЕФА-2021/2022 байни “Реал Мадрид” ва “Манчестер Сити” 4-уми май дар Мадрид баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив