Бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Олмон, ки дар он дастаҳои “Бавария” ва “Байер Леверкузен” дар варзишгоҳи “Арена Мюнхен”-и шаҳри Мюнхен (Олмон) вохӯрданд, бо ҳисоби 1:0 ба суди шогирдони Хаби Алонсо поён ёфт.
Ҷоми Олмон. 1/8 финал
03-юми декабри соли 2024, чоршанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Бавария” (Мюнхен) 0 : 1 “Байер” 9Леверкузен)
0:1 Телла – 69'
Корти сурх: Нойер – 17'
Дар қисми аввал дастаҳо натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол зананд. Дар дақиқаи 17-ум дарвозабони «Бавария» Мануэл Нойер мустақиман корти сурх гирифт. Нимҳимоятгари “Байер” Нейтан Телла бошад дар дақиқаи 69-ум муаллифи голи пирӯзиовар шуд.
Дар бозии даври 5-уми чемпионати Олмон бо ҳисоби 1:1 мусовӣ ба қайд гирифта шуд. “Байер”- Леверкузен соҳиби ҷоми феълии кишвар ва қаҳрамони Олмон мебошад.