Бозии даври 14-уми Серияи А-и Италия миёни дастаҳои “Фиорентина” ва “Интер” дар варзишгоҳи «Артемио Франки»-и шаҳри Флоренсия бо ҳисоби 3:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 14-ум
07 феврали соли 2025, панҷшанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Фиорентина” (Флоренсия) 3:0 “Интер М” (Милан)
1:0 Ранйери – 59' 2:0 Кин – 68' 3:0 Кин – 89'
Бозии мазкур, ки аз дақиқаи 17-ум боздошта шуда буд, бо ҳамон ҳайат ва ҳамон вазъияте, ки дар вақти таваққуф вуҷуд дошта буд, аз нав оғоз гардид. Дар дақиқаи 59-ум ҳимоятгари мизбонон Лука Ранйери ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 68-ум бошад Мойзе Кин пешравии «бунафшарангҳо»-ро афзун кард. Дар дақиқаи 89-ум Кин аз голи дуюми хеш истиқбол гирифта, пирӯзии тимашро бо ҳисоби се бар сифр таъмин кард.
Баъди 23 даври мусобиқа «Фиорентина» 42 хол дошта, дар зинаи чоруми ҷадвали чемпионати Италия мебошад. "Интер" пас аз ҳамин шумори вохӯриҳо бо 51 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали Серияи А қарор гирифт.