Дар бозии даври 23-юми Серияи А-и Италия, ки дастаҳои «Рома» ва «Наполи» вохӯрданд, дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Италия - Серия А. Даври 23-юм
03 феврали соли 2025, Душанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Рома” (Рим) 1:1 “Наполи” (Неапол)
0:1 Спиназола – 29' 1:1 Анхелино – 90+2'
Ҳисоби ин бозӣ дар дақиқаи 29-ум боз шуд, замоне, ки ҳимоятгари “Наполи” Леонардо Спиназола муаллифи гол гардид. Дар дақиқаи 90+2 бошад Анхелино ҳисобро баробар кард.
Пас аз 23 бозӣ «Рома» бо 31 имтиёз дар зинаи 9-уми ҷадвали Серия-и А Италия қарор дошта, «Наполи» пас аз ҳамин қадар бозӣ бо 54 имтиёз дар ҷои аввал аст.