LIVE

Пирӯзии бузурги «Интер» бар «Наполи» дар даври 14-уми Серияи А

Имрӯз, 4-уми декабр бозии даври 14-уми Серияи А-и Италия баргузор гардид, ки дар доираи он «Наполи» ва «Интер» дар варзишгоҳи «Диего Армандо Марадона»-и шаҳри Неапол ба ҳам омаданд ва рақобат бо пирӯзии бузурги миланиҳо бо ҳисоби   3:0 хотима ёфт.
Дар дақиқаи 44-ум Николо Барелла ба Хакан Чалханоглу тӯбро ирсол намуд ва ӯ бо зарбаи қавӣ ҳисобро кушод.
Дар дақиқаи 62-юм   Лаутаро Мартинес партофти тӯб ба ҷониби Барелла иҷро намуд ва ӯ голи дуюми беҷавоби миланиҳоро ба самар расонид.
Дар дақиқаи 85-уми дидор бошад Маркус Тюрам ҳисобро се бар сифр намуд.
Айни ҳол баъди анҷоми 14 даври мусобиқоти Серияи А «Интер» садринишини ҷадвал бо 35 хол буда,  «Наполи» бо 24 хол дар зинаи панҷум қарор дорад.
Италия - Серияи А. Даври 14-ум
04-уми декабри соли 2023, душанбе. 00:45 ДШБ
Наполи (Неапол) 0 : 3 Интер (Милан)
0:1 Чалханоглу – 44'     0:2 Барелла – 61'     0:3 Тюрам – 85' 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив