Дар бозии даври 33-юми Серияи А-и Италия «СПАЛ» аз «Интер» бо ҳисоби 0 : 4 мағлуб гардид. Ҳисоб дар нимаи аввал кушода шуд. Дар дақиқаи 37-уми вохӯрӣ Антонио Кандрева муаллифи голи аввалини бозӣ шуд. Дар дақиқаи 55-ум бартарии клуби миланиро Кристиано Бираги афзун кард. Пас аз 5 дақиқа Алексис Санчес ҳисобро боз ҳам афзоиш дод. Голи охирин ва 4-уми ин рақобатро Роберто Гаглиардини ба дарвозаи «СПАЛ» зад. "Интер" бо ин ғалаба соҳиби 71 имтиёз шуд ва дигарбора ба зинаи дуюми чадвали умумӣ баромад. Шогирдони Антонио Конте дар даври 34-ум бо тими “Рома” рақобат мекунанд. СПАЛ бошад, дар мақоми 20-ум қарор дорад ва дар баробари анҷоми мавсим бо Серияи А хайру хуш мекунад.