Бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо миёни тимҳои «Реал»-и Мадрид ва «Наполи» аз Италия дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» доир шуд, ки бо пирӯзии «Реал» бо ҳисоби 4:2 хотима ёфт.
«Наполи» дар дақиқаи 10-ум ба шарофати голи ҳамлавар Ҷованни Симеоне ба пеш баромад. Аммо пас аз чанд дақиқа ҳамлавари «Реал» Родриго Гоэс ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 22-юм бошад нимҳимоягари мизбонон Ҷуд Беллингем муаллифи гол гардид. Баъди таннафус неаполитаниҳо ба шарофати голи Андре Замбо Ангисса ҳисобро баробар карданд.
Дар охири нимаи дуюми рақобат, дар дақиқаи 84-ум «Реал» боз ба пеш баромад — нимҳимоягар Николас Пас ба задани гол даст ёфт. Баъди 10 дақиқа ҳамлавари мадридиҳо Хоселу ба ҳисоби ахири бозӣ нуқта гузошт — 4:2.
Айни ҳол «Реал» 15 хол аз панҷ бозии марҳилаи гурӯҳӣ ба каф карда, дар зинаи аввали ҷадвали гурӯҳи C қарор дорад. «Наполи» бо ҳафт хол дар мақоми дуюм мебошад. «Брага» чор хол дорад ва дар зинаи сеюм буда, то ҳол имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст надодааст. Мақомдори зинаи охири гурӯҳ бошад «Унион Берлин» аст, ки як хол дорад.
Лигаи чемпионҳо. Гурӯҳи C. Даври 5-ум. 30-юми ноябри соли 2023, панҷшанбе. 01:00 ДШБ
Реал Мадрид (Мадрид, Испания) 4 : 2 Наполи (Неапол, Италия)
0:1 Симеоне – 9' 1:1 Родриго – 11' 2:1 Беллингем – 22' 2:2 Замбо Ангисса – 47' 3:2 Пас – 84' 4:2 Хоселу – 90+4'