LIVE

Оғозёбии бозиҳои даври 8-уми чемпионати Италия оиди футбол ва рӯйхати пурраи бозиҳо

Имрӯз, 6-уми октябр бо рақобат миёни дастаҳои «Эмполи» ва «Удинезе» даври 8-уми Серияи A-и мавсими-2023/2024 шурӯъ мегардад.
Дар даври 8-уми чемпионати Италия 10 рақобат доир мешавад.
6-уми октябр, ҷумъа:
«Эмполи» — «Удинезе» (Эмполи, 21:30 дшб);
«Лечче» — «Сассуоло» (Лечче, 23:45 дшб).
7-уми октябр, шанбе:
«Интер» — «Болоня» (Милан, 18:00 дшб);
«Ювентус» — «Торино» (Турин, 21:00 дшб);
«Ҷеноа» — «Милан» (Генуя, 23:45 дшб).
8-уми октябр, якшанбе:
«Монса» — «Салернитана» (Монса, 15:30 дшб);
«Латсио» — «Аталанта» (Рим, 18:00 дшб);
«Фрозиноне» — «Верона» (Фрозиноне, 18:00 дшб;
«Каляри» — «Рома» (Каляри, 21:00 дшб);
«Наполи» — «Фиорентина» (Неапол, 23:45 дшб).
Садрнишини ҷадвали Серияи A  «Интер» мебошад, ки аз рӯи нишондодҳои иловагӣ нисбати «Милан» бартарӣ дорад. Ҳардӯи дастаҳо дорои 18 хол ҳастанд. Баъдан дар ҷадвал дастаҳои «Наполи», «Ювентус» ва «Фиорентина» қарор доранд, ки дар ҳисобашон 14 холӣ мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив