LIVE

Рӯйхати бозиҳои даври 9-уми чемпионати Испания оиди футбол

Имрӯз, 6-уми октябр бо рақобат миёни тимҳои «Атлетик» аз Билбао ва «Алмерия» даври 9-уми чемпионати Испания оиди  футбол оғоз меёбад. Бозиҳои боқимонда рӯзҳои 7-ум ва 8-уми октябр доир мешаванд.
Рӯйхати пурраи бозиҳои даври 9-уми Ла Лига:
6-уми октябр, ҷумъа:
«Атлетик» Билбао — «Алмерия» — 00:00 дшб.
7-уми октябр, шанбе:
«Кадис» — «Жирона» — 17:00 дшб;
«Реал» Мадрид — «Осасуна» — 19:15 дшб;
«Малйорка» — «Валенсия» — 21:30 дшб;
«Севиля» — «Райо Валйекано» — 00:00 дшб.
8-уми октябр, якшанбе:
«Вилярреал» — «Лас-Палмас» — 17:00 дшб;
«Атлетико» Мадрид — «Реал Сосйедад» — 19:15 дшб;
«Алавес» — «Бетис» — 21:30 дшб;
«Селта» — «Хетафе» — 21:30 дшб;
«Гранада» — «Барселона» — 00:00 дшб.
Баъди гузора шудани ҳашт давр садринишини ҷадвали чемпионати Испания «Реал» мебошад, ки дар ҳисобаш 21 хол дорад. Дар зинаи дуюм «Барселона» бо 20 хол мебошад. «Жирона» бошад 19 хол дошта, мақомдори зинаи сеюм аст. Дастаи охири чемпионат «Алмерия» аст, ки танҳо се хол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив