LIVE

"Реал" беҳтарин оғози мавсимро дар 54 соли охир ба қайд гирифт

Тибқи иттилои Marca, барои «Реал Мадрид» ин яке аз беҳтарин оғози мавсим аст.
«Реал Мадрид» дар оғози мавсим пайиҳам 9 бозӣ ғалаба кард. Ин беҳтарин рақам аз мавсими солҳои 1968/1969 аст. Он сол силсилабозиҳои ғалабаовари мадридиҳо ба 11 бозӣ расида буд.
«Реал Мадрид» дар ин мавсим дар шаш бозии Ла Лига ғалаба кард. Ин даста дар ду даври бозиҳои Лигаи Чемпионҳо низ пирӯз шуд ва инчунин барандаи Суперҷоми УЕФА гардид. 
Пас аз шаш давр, «Реал Мадрид» бо 18 имтиёз дар ҷадвали чемпионати Испания пешсаф аст. «Барселона» бо 16 имтиёз дар ҷои дуюм аст. Дар даври навбатии чемпионати Испания «Реал Мадрид» бо «Осасуна» вомехӯрад. Ин бозӣ 2-юми октябр дар Мадрид баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив