LIVE

Беҳтарин нишондоди "Реал" дар 54 соли охир

"Реал Мадрид" мавсими 2022/23-ро бомуваффақият оғоз кард.

Мадридиҳо дар ҳамаи ҳашт бозӣ дар оғози мавсим пирӯз шуданд, ки беҳтарин силсилаи клуб дар 54 сол аст.

Дар мавсими соли 1961/62 низ даста пайиҳам ҳашт ғалаба ба даст оварда буд. Натиҷаи аз ин беҳтари "Реал Мадрид" дар оғози мавсими 1968/69 ба даст омада буд. Он вақт «гаразмониҳо» пайиҳам 11 бор пирӯз шуданд.

"Реал Мадрид" бозии навбатии худро 18 сентябр баргузор мекунад. Дастпарварони Карло Анчелотти дар даври 6-уми Ла Лига бо "Атлетико Мадрид" рақобат менамоянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив