Ла Лига дар саҳифаи расмии худ, санаи бозии дуюмро байни тимҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” дар мавсими ҷории чемпионати Испания эълон кард. Вохӯрии дастаҳо дар чаҳорчӯби даври 29-уми Ла Лига дар Мадрид рӯзи 20 март баргузор мешавад. Бозии аввал, ки 24 октябр дар «Камп ноу» баргузор гардида буд «Реал» бар «Барселона» бо ҳисоби 2:1 дастболо гардид. Рӯзи 12-уми январ дастаҳо дар бозии ниманиҳоии Суперҷоми Испания вохӯрданд,ки дар ин дидор низ мадридиҳо пирӯз шуданд.