LIVE

«Реал» баъд аз 60 рӯз аввалин тамринро доир кард

Бо гузашти ду моҳ аз эълони карантин дар Испания бо сабаби хуруҷи  коронавирус футболбозони тими «Реал Мадрид» бори аввал ба тамрингоҳи худ омаданд. Мадридиҳо машқҳои худро дар базаи тамринӣ бо номи Валдебебас анҷом медиҳанд. Рамоса, Кроос, Васкес, Модрич, Азар, Каземиро, Бэйл, Карвахал, Начо ва дигар ҳайати аввалияи бошгоҳи мазкур дар аввалин рӯзи тамрин ҷалб шуданд.  Ҳайати дастаҳои испанӣ тибқи қарори Ҳуқумати Испания бо мақсади бехатарӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудааст. 
Дар марҳилаи аввал дар тамрин гурӯҳ набояд аз 6 футболбоз  зиёд бошад. 
Қаблан президенти Ла Лига - Хавйер Тебас эълон намуд, ки бозгашти Чемпионати Испания рӯзи 12-уми июн дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив