LIVE

“Реал” бар муқобили “Барса” дар 13 соли охир чунин натиҷа надошт

“Реал Мадрид” дар бозии марказии дар даври 30-юми Ла Лига бар рақиби азалии худ “Барселона” бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба кард. Бошгоҳи “Шоҳона” сар аз мавсими солҳои 2007/08 бори аввал дар ҳарду бозии Чемпионати Испания  “Барса”-ро мағлуб мекунад. Дар он мавсим сармураббии “Реал Мадрид” Бернд Шустер маҳсуб мешуд. Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал “Реал Мадрид” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. “Реал Мадрид” дар 13 соли охир бори аввал дар ду бозии Ла Лига бар зидди “Барса” пирӯз мешавад. Дар маҷмуъ дар тамоми мусобиқаҳо ин сеюмин ғалабаи пайдарпайи шогирдони Зидан бар клуби катлонӣ маҳсуб мешавад, ки чунин нишондодро “Реал” дар 43 соли охир бори аввал аст, ки ба қайд мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив