LIVE

«Барса» чунин нишондоди бад дар 11 соли охир надошт

Дар даври аввали Чемпионати Испания тими футболи «Барселона» дар маҷмуъ 40 имтиёз ба даст овард, ки чунин нишондоди ғайри қаноатбахшро каталониҳо дар 11 соли охир бори аввал аст, ки нишон медиҳанд. Бо вуҷуде, ки Мессию ҳамдастагонаш чунин натиҷаи наонқадар назаррасро нишон додаанд, аммо онҳо ғолиби даври аввал гаштаанд. То ба ин замон чунин холҳои камро «Барса» дар мавсими солҳои 2007/08 ба даст оварда буд, ки он вақт дастаро Франк Райкард тамрин медод. Дар он мавсим унвони чемпиониро «Реал» бо тафовути 18 имтиёз аз «Барселона» моли худ сохта буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив