LIVE

Ба ғалабаи “Реал” бовар доред?

"Реал Мадрид" дар бозии даври 36-уми Ла Лига-и Испания "Гранада"-ро мағлуб кард (2:1). Клуби мадридӣ 83 хол ба даст оварда, аз "Барселона" бо 4 имтиёз пешсаф аст. Барои "Реал Мадрид"  дар ду давраи боқимонда ду холи дигар лозим аст, то ҷомро аз они худ кунад. Илова бар ин “Реал Мадрид” чемпион мешавад, агар “Барселона” дар яке аз бозиҳои боқимонда (бо Осасуна ё Алавес) мағлуб шавад. Капитани "Реал Мадрид" - Серхио Рамос баъди бозӣ зидди “Гранада” гуфт, ки  "Ҳанӯз ҳеҷ чиз ба даст наомадааст, аммо хоҳиши даста танҳо ғалаба аст. Ҳама чиз дар дасти мост. Умедворам, рӯзи панҷшанбе мо пирӯзии худро ҷашн мегирем".  Дар даври навбатӣ   “Реал Мадрид” бо “Вилярреал”, ки дар чемпионат мавқеи панҷумро ишғол мекунад, бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив