LIVE

"Реал" боз аз "Барселона" дур шуд

Дар доираи бозиҳои даври 35-уми   Чемпионати Испания  дастаи “Реал Мадрид”  тими “Алавес”-ро пазируфт. Ҳисоби дидор дар дақиқаи 11-ум кушода шуд.   Карим Бензема  зарбаи ҷаримавии 11 метраро бидуни иштибоҳ иҷро кард. Дар дақиқаҳои аввалини нимаи дуюми бозӣ Марко Асенсио бартарии дастаашро дучанд намуд.   Бо ҳисоби 2 бар 0 ин майдондорӣ ба суди “Реал Мадрид”   поён ёфт. 
Дар бозии дигари ҳамин дар дастаҳои “Реал Сосйедад” ва “Гранада” бо ҳам  неруозмоӣ карданд. Дар дақиқаи 21-ум голи якумро нимҳимоятгари “Гранада” - Антонио Пуэртас   ба самар расонид.  Ду дақиқа монда то анҷоми қисмати якуми вохӯрӣ ҳамлагар Роберто Солдадо афзалияти меҳмононро дуболо сохт.  Дар дақиқаи 47-ум Микел Мерино ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт.  Дар дақиқаи 83-юм бошад,  ҳамлагари “Реал Сосйедад” -  Микел Оярсабал таносубро барқарор сохт.  Бо гузашти 5 дақиқаи дигар ҳимоятгар Домингуш Дуарте боз  меҳмононр ба пеш баровад. Ҳамин тарв ин  дидор бо ҳисоби 3 бар 2 бар нафъи  тими “Гранада” ба анҷом раисд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив