LIVE

"Барселона" пас аз 3 сол дар Эл-класико пирӯз шуд

"Барселона" тавонист дар тӯли се соли охир бори аввал дар бозӣ бар Реал Мадрид пирӯз шавад.

“Барселона” дар бозии даври 29-уми чемпионати Испания бар тими “Реал Мадрид” пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и Мадрид баргузор шуда, бо пирӯзии бошгоҳи каталонӣ бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфт.
Ин аввалин ғалабаи бошгоҳи каталонӣ бар "Реал Мадрид" сар  аз 2 марти соли 2019 аст. Пас аз ин, «Реал Мадрид» бар «Барселона» панҷ маротиба ғалаба кард ва як вохӯрӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфта буд.

Баъди 29 даври бозӣ «Реал Мадрид» дар садри ҷадвали чемпионати Испания қарор дорад. «Клуби шоҳона» 66 имтиёз дорад. «Барселона» бо 54 имтиёз дар зинаи сеюм аст.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив