LIVE

Рекорди Ансу низ “Барса”-ро аз нокомӣ наҷот надод

“Барселона” дар даври 7-уми чемпионати Испания дар майдони худ “Реал Мадрид”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Камп Ноу баргузор шуда, бо пирӯзии бошгоҳи шоҳона бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Ҳисоб аллакай дар дақиқаи панҷуми вохӯрӣ кушода шуд. Федерико Валверде тӯбро ба кунҷи дарвоза фиристод. Нилунориҳо пас аз се дақиқа ҳисобро баробар карданд. Муаллифи голи ҷавобӣ Ансу Фати гардид. Фати ҷавонтарин бозигарест, ки дар Эл - Классико гол задааст. Дар нимаи дуввум шогирдони Зинедин Зидан пешсаф шуданд. Ба дарвозаи “Барселона” барои дағалии Клемент Лангле пеналтӣ таъин шуд, ки онро Серхио Рамос дар дақиқаи 63-юм иҷро карда, мемҳонон ба пеш баромаданд. Нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрӣ Лука Модрич гузошт.  Ҳамин тариқ “Реал Мадрид” 13 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали умумӣ чемпионати Испания ба ҷои аввал баромад. Барселона 7 хол дорад ва мақоми 10-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив