Бозии даври 12-уми Серия А, ки дар он дастаҳои «Интер» ва «Наполи» вохӯрданд, дар варзишгоҳи «Сан-Сиро» (Ҷузеппе Меатза)-и Милан бо натиҷаи ниҳоӣ 1:1 поён ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 12-ум
11-уми ноябри соли 2024, душанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Интер” (Милан) 1:1 “Наполи” (Неапол)
0:1 Мактоминей – 23' 1:1 Чалханоглу – 43'
Нимҳимоятгари «Наполи» Скотт Мактоминей дар дақиқаи 23-юм гол зад. Дар дақиқаи 43-юм бошад нимҳимоятгари “Интер” Ҳокан Чалҳоноғлу муаллифи гол шуд. Дар дақиқаи 74-ум Чалҳаноғлу имконияти дуболо кардани ҳисобро аз пеналти аз даст дод.
«Интер» дар ҷадвали мусобиқоти Серияи А 25 имтиёз дошта, “Наполи” бошад дар ҷои аввал аст.
Қаблан бозии дигари даври 12-уми Серияи А, ки дар он дастаҳои Монса ва «Лацио» вохӯрданд, анҷом ёфт. “Латсио” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд.
Италия - Серияи А. Даври 12-ум
10-уми ноябри соли 2024, якшанбе. 22:00 бо вақти Душанбе
“Монса” (Монса) 0 : 1 “Латсио” (Рим)
0:1 Закканйи – 36'