Бозии даври 19-уми Серияи А Италия, ки дар он дастаҳои «Рома» ва «Латсио» вохӯрданд, дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Рим бо ҳисоби 2:0 бар нафъи «Рома» анҷом ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 19-ум
06 январи соли 2025, душанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Рома” (Рим) 2:0 “Латсио” (Рим)
1:0 Пеллегрини – 10' 2:0 Салемакерс – 18'
Корти сурх: Кастелянос – 90+5'
Дар дақиқаи 10-ум нимҳимоятгари «Рома» Лоренсо Пеллегрини аз партофти Алексис Салемакерс муаллифи гол шуд. Баъди хашт дақиқа худи Салемакерс голро ба самар расонид. Дар дақиқаи панҷуми иловагӣ бошад бозигари “Латсио” Кастелянос аз майдон хориҷ карда шуд.
Пас аз ин пирӯзӣ «Рома» 23 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали чемпионати Италия дар ҷои 10-ум қарор дорад. «Латсио» бошад бо 35 хол дар ҷои чорум мебошад.