Бозии даври 6-уми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо, ки дар он дастаҳои «Рома» ва «Брага» вохӯрданд, дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Лигаи Аврупо. Марҳилаи умумӣ. Даври 6-ум
12 декабри соли 2024, панҷшанбе. Соати 22-45 бо вақти Душанбе
“Рома” (Рим, Италия) 3:0 “Брага” (Брага, Португалия)
1:0 Пеллегрини – 10' 2:0 Абдулҳамид – 47' 3:0 Эрмосо – 90+1'
Корти сурх: нест / Maтеус – 68'
Дар оғози вохӯрӣ нимҳимоятгари бошгоҳи римӣ Лоренсо Пеллегрини ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 47-ум бошад ҳимоятгар Сауд Абдулҳамид голи дуюми «Рома»-ро ба самар расонид. Дар поёни вохӯрӣ ҳимоятгари «гургон» Марио Эрмосо ҳисобро се бар сифр намуд.
Дар даври қаблии марҳилаи умумии Лигаи Аврупо “Рома” бо “Тоттенҳэм” мусовӣ (2:2) кард. «Брага» дар навбати худ «Хоффенхайм»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда буд. Дар бозии даври 7-уми мусобиқот бошгоҳи римӣ бо АЗ Алкмаар (23 январ) ва «Брага» бо Юнион (23 январ) вомехӯранд.