LIVE

"Латсио"-императори нави Рим

Дар доираи бозиҳои даври 18-уми Серяи А-и Италия дастаҳои “Рома” ва “Латсио” бо ҳам майдондорӣ намуданд. Дастаҳо ба ин бозӣ дар зинаҳои тафовутшавандаи ҷадвал омадаанд. “Рома” сеюм. “Латсио” 8-ум. Вале, тавре бозӣ нишон дод дерби ба ҷадвал нигоҳ намекунад. Он худ як мусобиқа аст, ки дар он нанг, номус, ҷасоарт, матонат ва ғурур ба нақши аввал мебароянд. Ҳанӯз дар дақиқаи 14-уми бозӣ Чиро Иммобиле бо зарбаи қавии худ ҳисобро кушод. “Латсио” аз ҳама беш дар Италия дар 15 дақиқаи аввал гол мезанад. Анъана идома ёфт. Баъди 10 дақиқа Луис Алберто ҳисобро 2:0 сохт. Дастаи “Рома” дасту пояшон баста нимаи аввалро бо як зарбаи рост ба поён расонд. Луис Алберто ба як гол дар дерби қаноат накарда, дар қисми дуввуми майдондорӣ як голи дигарро ба номаш мӯҳр зад. Дар куҷое беҳтарин нишонзани дербии Рим Франческо Тотти аз шарми бозии “Рома” симояшро бо ниқоби тиббӣ ба пуррагӣ пушонд, то ин шармандагиро набинад. Тотти ҳамроҳ бо Де Росси аз тамошои чунин бозии “Рома” мехостанд корномаашонро аз сар гиранду мисли солҳои беҳтарин ҳамаро бедор кунанд, чунки бозигарони “Рома” дар майдони “Олимпико” хоб буданд. Тавре дар матолиби варзишӣ менависанд ҳисоби 3:0 ба мӯҳтавои бозӣ мутобиқ набуд, чун “Латсио” метавонист камаш 5 гол занад. То дербии навбатӣ имераторони Рим, футболбозони “Латсио” ҳастанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив